Ҷаласаи навбатии СААД баргузор мешавад

Роҳбарони кишварҳои узви СААД зимни ҷаласаи навбатӣ дар Арманистон масоили амниятиро баррасӣ хоҳанд кард. Интизор меравад, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ 23 ноябр дар шаҳри Ереван баргузор гардад.  

Дабири кулли СААД Станислав Засс ба президенти Белорус Александр Лукашенко дар мавриди омодагиҳо ба ин ҷаласа ҳисобот додаст.

Аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви СААД, аз ҷумла таниши Озарбойҷону Арманистон сари Қарабоғи куҳӣ ва роҳҳои ба эътидол овардани он мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки ин масъала ҳамчунин дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД рӯзи 28 октябр аз тариқи видеоӣ баргузор шуда, ҷонибҳо зарурати эътидоли вазъ аз тариқи роҳҳои сиёсиро таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд ташкил ва аз ҷониби роҳбарони 6 кишвари ИДМ — Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид.

Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Белорус ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.