Ӯзбекистон воридоти пахтаи Тоҷикистонро се баробар афзоиш додааст

Оҷонсии иттилоотии “Красная Весна” хабар медиҳад, ки Ӯзбекистон ҳаҷми воридоти пахта аз Тоҷикистонро тақрибан се баробар афзоиш додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар нимаи аввали соли 2022 беш аз 6,6 ҳазор тонна пахтаи Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбекистон харидорӣ шудааст.

Дар маҷмуъ, гардиши мол байни ҷумҳуриҳо дар шаш моҳ 285 миллион доллар гуфта мешавад, ки 17,3 миллион доллари он ба пахта рост меояд.

— Ҳамзамон, шартнома баста шудааст, ки дар Тоҷикистон фабрикаи ресандагӣ бунёд карда мешавад,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.