Ҳар рӯз 100 низомии Украина кушта мешаванд

Алексей Резников, вазири мудофиаи Украина хабар дод, ки дар хати ҷанг ё фронт ҳамарӯза то 100 низомии украин кушта мешаванд.

«Вазъ дар хати ҷанг вазнин аст. Мо ҳамарӯза то 100 низомиро аз даст медиҳем ва 500 кас захмӣ мешавад. Кремл бо тамоми нерӯ ҳамла мекунад, дар мемонад, ба муқовимати сахт рӯ ба рӯ мешавад, талафоти калон дорад. Аммо то кунун барои пешрафт дар минтақаҳои алоҳидаи хати ҷанг неру дорад»,- навишт вазир дар “Фейсбук”.

Резников дар идома навиштааст, ки дар ҷанги зидди Русия зиреҳпӯшҳои лаҳистонии «Краб»-ро истифода хоҳанд кард.

Украинаву Русия аз хабар додан дар бораи талафоташон дар ҷанг худдорӣ меварзанд. Вазорати мудофиаи Русия ҳанӯз дар моҳи март марги бештар аз 1,5 ҳазор низомиашро дар Украина тасдиқ карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *