Ташрифи сафири Ҷумҳурии Куриё ба ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода

Мулоқоти ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филологӣ Жило Гулназарзода бо сафири Ҷумҳурии Куриё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъда, татбиқи созишномаҳои байни донишкада ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Куриёро баррасӣ намуданд.

Сафир Квон Донгсок аз ҳамкории донишкада бо сафорат изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки барои тавсеаи равобити судманд саҳми шоистаи худро мегузорад.

Дар санаи мазкур дар толори фарҳангии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки сафири Ҷумҳурии Куриё Квон Донгсок, ректори донишкада Гулназарзода Жило, муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ Қаюмов А., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Каримов А., декани факултети забонҳои Осиё Ғафуров З., ёрдамчии сафири Куриё Чой Даҷанг, роҳбари Маркази забономӯзии забони куриёӣ Чой Миҳи, муаллими калони шуъбаи забони куриёӣ Шин Нагкюн ва омӯзгорони Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Чонг Ҳоил ва И Ҷонгсук даври ниҳоии озмуни наттоқони забони куриёӣ ҷамъбаст гардид.

Ректор Жило Гулназарзода ҳузури меҳмонони олиқадрро ба донишкада шодбош гуфта, иброз дошт, ки баргузории ин гуна озмуну чорабиниҳо барои забономӯзии донишомӯзон заминаи мусоид фароҳам оварда, дар таҳкими равобити дуҷониба саҳм мегузорад.

Сафир Квон Донгсок аз сатҳи баланди баргузории чорабинӣ ва пазироии самимии раёсати донишкада изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки донишҷӯёну забономӯзони шуъбаи забони куриёӣ бо истеъдоди баланд ва забондонии худ чорабиниро хотирмон гузарониданд.

Дар гуруҳҳои ибтидоӣ ва болоии озмуни мазкур дорандаи ҷойи якум, ҷойи дуюм ва ҷойи сеюм бо мукофотҳои баландарзиш ва ифтихорнома сарфароз карда шуданд. Ҷойҳои ифтихории чорум ва панҷум бо ифтихорнома ва мукофотҳо сарфароз карда шуданд.

Бояд хотиррасон намуд, ки даври аввали озмун байни гуруҳҳои ибтидоӣ ва миёна санаи 06.06.2022 дар маркази забономӯзӣ гузашта буд ва ба даври нимниҳоии озмун аз гуруҳҳои ибтидоӣ ва миёна 10 нафар роҳхат гирифтанд. Аз байни 10 нафари иштирокдошта 3 нафар аз гуруҳи ибтидоӣ ва 3 нафар аз гуруҳи миёна ғолиби озмун дониста шуданд.

Дар гуруҳи ибтидоӣ:

Ҷойи якум: Бозорзода Мунаввара

Ҷойи дуюм: Исмоилова Сомина

Ҷойи сеюм: Ҳусейнова Маҳина

Дар гуруҳи миёна:

Ҷойи якум: Алимов Ҳоҷиакбар

Ҷойи дуюм: Нурова Шоҳона

Ҷойи сеюм: Абдураҳимова Шукрона

Дар охир ба ғолибони озмун ва беҳтарин иштирокчиёни он туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Бояд гуфт, ки ғолиби ҷойи якум Алимов Ҳоҷиакбар аз гуруҳи миёна ба Куриё сафарбар карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *