1 миллион доллар ҷарима Неймарро таҳдид мекунад

Неймарро барои вайрон кардани қоидаҳои сохтмон 1 миллион доллар ҷарима таҳдид мекунад.

Ба гузориши хабаргузории РИА “Новости”, футболбози тими мунтахаби “Пари Сен-Жермен” ва Бразилия Неймарро барои хисороти муҳити зист ҳангоми бунёди амволи худ дар иёлати Рио-де-Жанейро ҷаримаи сангине интизор аст.

Амволи Неймар дар Мангаратиба, 130-километрии Рио-де-Жанейро ҷойгир аст. Мақомот ба шикоятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниш нишон дода, нозиронро ба ҷои кор фиристодаанд, ки онҳо як қатор қонуншиканиҳо, аз ҷумла беиҷозат беҷо кардани об аз дарё, ҳаракати хоку сангҳо ва истифодаи реги соҳилро ошкор кардаанд.

Дар ҷараёни боздиди бозрасон падари Неймар дар сохтмон қарор дошта, бо онҳо моҷарои лафзӣ кардааст.

Бозингарро ба маблағи 5 миллион реал (тақрибан 1 миллион доллар) ҷарима интизор аст.

Неймар ин амволро дар соли 2016 харидааст. Он 2,5 акр заминро ишғол мекунад, ки дар ҳудуди он чархболи санаторию толори варзишӣ мавҷуд аст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ПСЖ мехоҳад дар равзанаи интиқоли тобистона барои Неймари 31-сола дастаи нав пайдо кунад. Дар мавсими гузашта футболбози бразилӣ дар ҳайати парижиҳо дар мусобиқоти мухталиф 29 бозӣ анҷом дода, дар онҳо 18 гол задааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *