ғарқшавӣ

Марги ду ноболиғ дар обҳои Ишкошиму Конибодом

КҲФ аз марги боз ду ноболиғ дар обҳои кишвар, ки дар натиҷаи беназорат гузоштани волидон рух додааст, хабар дод. 

Бино ба муълумоти дарёфтшуда, 21-уми июн як духтари 16-солаи сокини деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим бо сабабҳои номаълум нопадид мешавад. Пас аз ҷустуҷӯи зиёд ниҳоят ҷасади ӯ дар соҳили дарёе, ки аз назди деҳа мегузаштааст, пайдо ва ба волидонаш супурда шудааст.

Инчунин, хабар дода мешавад, ки нисфирӯзии 22-юми июн як сокини 12-солаи шаҳри Конибодом ҳангоми оббозӣ дар канале ғарқ мешавад. Сокинони деҳа ҷасади ӯро ёфта, ба мақомот супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад, ки дар рӯзҳои таътили тобистона, ки ҳоҳиши кӯдакон ба оббозӣ зиёд мешавад, фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *