пора хур

272 ҳазори шуъбаи маорифро тасарруф карду боздошт шуд

Директори ширкати сохтмонии ҶДММ “Аҳмад Сохтмон” барои таъмиру навсозии бинои шуъбаи маориф дар Душанбе беш аз 272 ҳазор сомониро барзиёд нишон дода, маблағи мазкурро тасарруф намудааст. Дар ин бора Агентии давлатии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ Хуршедҷон Назаров, директори ҶДММ “Аҳмад Сохтмон” аст ва бо истифодаи ваколати мансабдорӣ барои таъмиру сохтмони бинои шуъбаи маорифи Исмоили Сомонии пойтахт ин маблағро тасарруф кардааст.
“Назаров Хуршедҷон Абдураҳмонович бо истифодаи ваколати мансабдорӣ зимни анҷом додани корҳои таъмиру сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳияи И.Сомонӣ дар асоси супоришномаҳои пулӣ қасдан ва бо роҳи сохтакории хизматӣ ҷамъ маблағи 272 ҳазору 43 сомониро барзиёд нишон дода, маблағи мазкурро тасарруф намудааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расид”, — шарҳ медиҳад Оҷонсии зиддифасод.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Назаров Хуршедҷон Абдураҳмонович бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.
Акунун Хуршедҷон Назаровро ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то 5 сол интизор аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *