медал

2997 медал. Дастоварди варзишгарони Хатлон дар 11 моҳи соли 2022

Дар 11 моҳи соли 2022 варзишгарони вилояти Хатлон дар 25 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, 53 медали тилло, 37 нуқра ва 64 медали биринҷӣ ба даст овардаанд. Ҳамчунин, онҳо аз иштирок дар беш аз 124 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 2 ҳазору 843 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 956 медали тилло, 860 нуқра ва 1 ҳазору 27 медали биринҷӣ мебошад.

Қурбоналӣ Қурбонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон гуфт, ки аз иштирок дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар маҷмуъ варзишгарони вилояти Хатлон 1 ҳазору 9 медали тилло, 897 нуқра ва 1 ҳазору 91 медали биринҷиро соҳиб шудаанд. Ӯ мегӯяд, шумораи медалҳои варзишгарон дар 11 моҳи соли 2022 ба 2 ҳазору 939 адад расидааст, ки назар ба соли 2021-ум 209 медал зиёд аст.

“Афзоиш ёфдани дастовард ва медалҳои варзишгарони вилояти Хатлон аз ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва таъмини шароити хуб барои машқу тамрин аст. Феълан дар вилояти Хатлон 34 мактаби варзишӣ бо 615 мураббӣ фаъолият дорад. Дар онҳо наздики 17 ҳазор варзишгар ба тамрин машғуланд, ки зиёда аз 2 ҳазору 500 нафар бонувон мебошанд”,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.