30 нафар устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби хона шуданд (аудио)

Имрӯз, 9-уми июн 30 нафар устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби хонаҳои нав шуданд. Дар маросими расман супоридани калиди манзилҳои нав ба соҳибонашон муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иштирок намуданд.

Акнун омӯзгорони ниёзманде, ки солиёни дароз дар иҷора мезистанд, имрӯз калиди хонаҳои худро соҳиб гардиданд. Қаблан, зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода изҳор дошта буд, ки бинои хобгоҳи донишҷӯёнро пурра аз таъмир бароварда, ба омӯзгорони эътиёҷманд месупорад. Собиқ хобгоҳи рақами яки донишгоҳ, ки дар кӯчаи маъруф ба номи Нахимова қарор дошт, тармиму таҷдид гардида, ба бинои истиқоматӣ табдил ёфт. Гуфта мешавад, ки аз таҳхона то ҳамаи ошёнаҳои бино азнавсозӣ гардидаанд. Хонаҳо якҳуҷрагиву дуҳуҷрагии васеъ буда, бо шароити ҳамаҷониба таъмин мебошанд.

Бояд гуфт, хобгоҳи мазкур дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт воқеъ буда, соли 1976 дар масоҳати умумии 1788,0 метри мураббаъ сохта шуда, то оғози соли 2022 ҳамчун хобгоҳи донишҷӯён фаъолият намудааст. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини иҷтимоии донишҷӯён дар Шаҳраки донишҷўёни донишгоҳ, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак бинои хобгоҳи иборат аз 12 ошёна барои зиёда аз 1000 нафар донишҷў сохта ба истифода дода шуд. Баъдан, донишҷўёне, ки дар хобгоҳи №1 истиқомат менамуданд, ба хобгоҳи нав кўчонида шуданд.

Сипас, раёсати донишгоҳ тасмим гирифт, ки хобгоҳи донишҷўёни воқеъ дар кўчаи Нахимова 64/10-ро баъд аз таъмиру тармим дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзили истиқоматӣ табдил диҳад. Хобгоҳи мазкур аз 4 ошёна иборат буда, мувофиқи хулосаи ҶСК “Пажўҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷўии САНИИОСП” — “Оид ба санҷиши ҳолати техникии иншоот”, ки дар таърихи 26.06.2021 дода шудааст, сифати бинои мазкур ба талаботи меъёри сохтмон ҷавобгў буда, табдил додани он аз бинои хобгоҳи донишҷўён ба ҳуҷраҳои истиқоматии омўзгорон баъди азнавсозӣ имконпазир аст.

Қобили тазаккур аст, ки бинои хобгоҳ минбаъд хусусӣ гардонида нашуда, ҳамчун хобгоҳи хизматии омўзгорону кормандон дар тавозуни донишгоҳ нигоҳ дошта мешавад.

Дар назар аст, ки ояндаҳои наздик ҳам боз гуруҳе аз устодону кормандони донишгоҳ соҳиби манзили истиқоматӣ мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *