999 ҳодисаи роҳу нақлиёт дар 9 моҳ
Дар нуҳ моҳи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 999 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуда, 434 ҳолати онро пахши пиёдагардон ташкил медиҳад.
Дар ин бора аз Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 144 нафар пиёдагард ба ҳалокат расида, 318 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Сабабҳои асосии садамаи нақлиётӣ суръати аз меъёр зиёд, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, баромадан ба самти муқобил ва идораи воситаи нақлиёт ва дар ҳолати мастӣ мебошанд. Инчунин бештари садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон ва велосипедронҳо ба амал омада, аксари фавтидагон дар садамаҳои роҳу нақлиётӣ пиёдагарду мототсиклрон ва велосипедронҳо мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ