Абдусамад Самиев-муаллифи доимии «Тоҷикистон» аз олам даргузашт

Абдусамад Самиев, доктори илмҳои фалсафа, профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт. Сабаби даргузашти Абдусамад Самиев бар асари дарди қалб  арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ки номбурда 28-уми июн тарки олам карда, дар зодгоҳаш-ноҳияи Рашт ба хок супорида шудааст. Ӯ хатмкардаи  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1972 буда, солҳои 1991 – 1993 муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон будааст.

Дар асоси ҳолномаи нашршудаи Самиев, ӯ ҳамчунин ба ҳайси сардори Маркази таҳқиқотии ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, 2003-2006 мушовири Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор кардааст. Инчунин, сардори шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон будааст.

Аз соли 2000-ум профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия буда, аз соли 2015 ба ҳайси ходими пешбари шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи  Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.

Абдусамад Самиев дар баробари фаъолияти илмӣ-таълимӣ, инчунин, ба навиштани мақолаҳои мубрами рӯз машғул буд ва пайваста бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҳамкорӣ дошт.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи “Pressa.tj” ба дӯстону пайвандони доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдусамад Самиев бинобар даргузашти эшон изҳори тасаллият баён мекунанд. Равони марҳум шод ва хонаи охираташ обод бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *