Адам Ковач тарки тими “Вахш” кард
Дарвозабони дастаи “Вахш”- и Бохтар Адам Ковач тарки ин даста кард. Дар инбора дафтари матбуоти бошгоҳ хабар додааст.
Ковачи 25-солаи словакӣ ҳамкнун фаъолияти касбиашро дар Чемпионати Қазоқистон дар тими “Қайсар” идома медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки Ковач дар ҳайати “Вахш” дар мавсими 2025 медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистонро ба даст овард.
Ҳамзамон, ӯ ҳамчун беҳтарин дарвозабони Чемпионати Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои Лигаи олӣ эътироф гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ