Тақдими хона ба хонаводаи афсари ҳалокшудаи тоҷик дар марз

Ба хонаводаи Исматулло Қурбонов, афсари Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли 2025 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳалок гардида буд, манзили истиқоматӣ ва кумакҳои иҷтимоӣ пешниҳод шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид калиди манзили истиқоматиро дар маркази шаҳри Бохтар ба хонаводаи марҳум, ки сокини ноҳияи Ҳамадонӣ мебошанд, супорид.
Қаблан, 1 январ мақомоти вилояти Бадахшон низ ба хонаводаи Зиреҳбон Наврӯзбеков, афсари дигаре, ки дар ҳамон ҳодиса ҳалок шуда буд, дар шаҳри Хоруғ манзили дуҳуҷрагӣ ҷудо карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24 декабр дар натиҷаи ҳамлаи афроди мусаллаҳ аз қаламрави Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ду афсари Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар ҷараёни амалиёти ҷавобӣ се фарди мусаллаҳ безарар гардонда шуда, аз ҷои ҳодиса силоҳу муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла автоматҳо, норинҷакҳои дастӣ, маводи тарканда ва дигар таҷҳизоти низомӣ мусодира гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *