Афзоиши се баробар гардиши тиҷорат байни Тоҷикистону Қирғизистон

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба 33,4 миллион доллар расид. Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 (11,6 млн доллар) қариб се баробар зиёд мебошад.

Ба иттилои манбаъ, содироти Тоҷикистон ба Қирғизистон афзоиши ҷиддӣ нишон додааст. Агар соли 2024 ҳаҷми он ҳамагӣ 475 ҳазор долларро ташкил медод, пас дар соли 2025-ум то 9 миллион доллар расидааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон ба Қирғизистон ба маблағи 1,92 млн доллар ангур, 607 ҳазор доллар маснуоти пахтагӣ ва 557 ҳазор доллар нерӯи барқ содир кардааст.

Воридоти мол аз Қирғизистон ба Тоҷикистон низ афзоиш ёфтааст.

Дар соли 2025 ҳаҷми воридот 24,5 млн долларро ташкил додааст. Ин дар ҳолест,ки соли 2024 ин рақам 11,1 млн доллар буд. Маҳсулоти асосии воридотӣ лигнит (9,5 млн доллар), макарон (5,64 млн доллар), зарфу шиша (1,14 млн доллар) ва маҳсулоти нафтӣ мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *