Афзоиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2026 тамоюли мусбати рушд нишон додааст. Тибқи гузориши Бонки АвруОсиёии Рушд, гардиши тиҷорати хориҷии кишвар дар моҳҳои январфеврал ба 1,8 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоиз зиёд мебошад.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми содироти кишвар 30,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин пешрафт асосан аз ҳисоби зиёд шудани содироти маҳсулоти маъдан, аз ҷумла семент, консентрати маъдан ва нерӯи барқ (131%), инчунин металлҳои қиматбаҳо (208%) ва маҳсулоти бофандагӣ (32%) ба даст омадааст.

Ҳаҷми воридот низ дар ин давра 26,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Таҳлилгарон ин равандро бо баланд шудани талаботи дохилӣ ва афзоиши сармоягузорӣ вобаста медонанд. Аз ҷумла, воридоти мошинҳо ва таҷҳизот ба кишвар 49,3 фоиз зиёд шудааст.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки густариши тиҷорати хориҷӣ яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ боқӣ мемонад. Тибқи пешгӯиҳои Бонки АвруОсиёии Рушд, дар соли 2026 рушди иқтисоди Тоҷикистон ба 8,1 фоиз мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *