«Академикҳои 15-сола»-и Тоҷикистон боз шикаст хӯрданд

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки аз футболбозони беҳтарини Академияи футболи ФФТ мураттаб гардидааст, бозии дуюмашонро  дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA U-15 Boys Tournament 2017»-и Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба ҳамсолонашон аз мунтахаби Ӯзбекистон 2:1 бохтанд. Бозии мазкур бегоҳии 5 июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор, ба қавли сомонаи ФФТ, хеле шавқовару диданӣ сурат гирифт.

Дар вохӯрии дигар мунтахаби Туркманистон мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Баъд аз се давр мунтахаби Ӯзбекистон, ки 9 холро соҳиб шудааст, дар садри мусобиқа ҷой гирифтааст. Мунтахаби Афғонистон бо 6 хол ва 1 бозии кам бо 6 хол дуюмин мебошад. Туркманистон бо 3 хол дар зинаи сеюм аст. «Академикҳои 15-сола»-и Тоҷикистон ва хамсолони қирғизи онҳо ягон хол нагирифтаанд.

Даври чоруми мусобиқа 7 июл баргузор мешавад. Соати 18.00 мунтахабҳои Афғонистон ва Туркманистон, соати 21.00 мунтахабҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба майдон мебароянд. Ду мунтахаби охирин дар сурати пирӯзӣ ҳам ба гумон аст, ки ба марҳилаи дигар баромада тавонанд. Шонси бештарро наврасони ӯзбек доранд, ки барояшон 1 ғалабаи дигар басанда аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *