Академик Шаҳбозов соҳиби ҷоизаи ИДМ ва 2 миллион рубл шуд

Мирганд Шаҳбозов,  академик ва олими риёзидони тоҷик барандаи ҷоизаи «Ситораҳои иттиҳод»-и ИДМ шудааст.

Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ин созмон хабар додааст. Барои ин ҷоиза 12 номзад аз 8 кишвари ИДМ довталаб будаанд.  Ҷоизаи мазкур ҳамасола ба намояндагони давлатҳои Иттиҳод барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолияти башардӯстона, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқанд ва дар рушди ҳар як кишвари узви ИДМ ва дар маҷмӯъ дар Иттиҳод саҳм гузоштаанд, дода мешавад. Маблағи ҷоиза 2 миллион рубл (32 276 доллар) мебошад.

Имсол барои дарёфти ҷоизаи олӣ 12 нафар аз 8 кишвар номзад буданд. Бо қарори доварон, ки ба ҳайати он ходимони барҷастаи фарҳангу маориф аз тамоми кишварҳои ИДМ шомил буданд, ҷоизаҳо ба ҳашт довталаб дода шуданд.

АЛИЕВ Нотик Камол оғлу (Озарбойҷон) — ҳайкалтарош, рассоми халқии Озарбойҷон.

ХАЧИЯН Эдуард Ефремович (Арманистон) — геолог, мудири кафедраи механикаи сохтмонии Донишгоҳи миллии меъморӣ ва сохтмон.

КИЛИН Сергей Яковлевич (Беларус) — физик, муовини Раиси Президиуми Академияи илмҳо.

РУСТАМБЕКОВ Серик Исаевич (Қазоқистон) — меъмор, директори фирмаи лоиҳакашии «ORTA», раиси Иттифоқи меъморони шаҳри Нурсултон.

МАМИТОВ Миталип (Қирғизистон) — нейроҷарроҳ, мудири кафедраи Академияи давлатии тиббӣ.

ТЕМИРКАНОВ Юрий Хатуевич (Русия) — дирижёр, рохбари бадеии Филармонияи академии Санкт-Петербург.

ШАҲБОЗОВ Мирганд (Тоҷикистон) — риёзидон, академики Академияи миллии илмҳо.

УСМОНОВ Рамиз Бекназарович (Узбекистан) — директори Театри давлатии академии калони Узбекистон.

Маросими ботантанаи супурдани ҷоизаҳо моҳи декабри соли 2022 дар Тошканд дар доираи Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмӣ баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки  дар гузашта донишмандони шинохтаи тоҷик, ба мисли академикҳо Раҳим Масов ва Пӯлод Бобоҷонов ҳам ин ҷоизаро соҳиб шуда буданд.

Мирганд Шаҳбозов аз олимони саршиноси риёзидони Тоҷикистон дониста шуда, қаблан муовини раиси Порлумони Тоҷикистон буд. Ин олим соли 2015 ҷоизаи байналмилалии «Top Springer Author 2015»-ро низ соҳиб шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.