Акмалиддин Каримов дар Русия соҳиби медали тилло шуд (аудио)

Паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Поягузорони самбо” мақоми аввалро касб намуда, бо медали тило сарфароз гашт.  Ин мусобиқа рӯзҳои 10 -11-уми сентябри соли равон дар Маркази ҳунарҳои размии шаҳри Москва  баргузор шуда, Акмалиддин дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило иштирок кардааст. 

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ки дар “Ҷоми Поягузорони самбо” вазифаи муовини сардовари мусобиқотро ба уҳда дошт, 12-уми сентябр, ба “Озодӣ” гуфт, “дар ин мусобиқоти байналмилалӣ дар Маскав аз байни 11 варзишгаре, ки Тоҷикистонро намояндагӣ карданд, танҳо Акмалиддин Каримов медал ба даст овард. Ӯ дар мусобиқаи самбои варзишӣ дар вазни 58 кило, ки 16 иштироккунанда буд, дар финал Харун Тлишевро аз Русия мағлуб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Дар ҳисоби дастаӣ оид ба самбои варзишӣ миёни мардон мунтахаби Тоҷикистон баъди дастаи мизбон – Русия, ки дар шаш вазни дигар ғолиб омад, мақоми дуюмро касб кард”.

Ёдовар мешавем, ки Акмалиддин Каримов моҳи ноябри соли 2021 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар пойтахти Узбекистон — шаҳри Тошканд доир гардид, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ варзишгар аз Русия Саян Хертекро шикаст дод.

Акмалиддин, ки шогирди паҳлавони маъруф ва мураббии варзида Муҳаммадшариф Сулаймонов мебошад. Борҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ширкат варзида, барандаи медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардидааст. Ниҳоят, орзуи деринаи ин паҳлавони пуртаҷрибаи тоҷик соли гузашта дар 31-солагиаш дар Тошканд ҷомаи амал пӯшид.

Зимнан, Акмалиддин Каримов баъди Саидмуъмин Раҳимов, Беҳрузи Хоҷазода ва Хушқадам Хусравов чаҳорумин паҳлавон аз Тоҷикистон аст, ки дар риштаи самбои варзишӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *