Амонатбонк ба беш аз 60 ҳазор мизоҷ 2,5 млрд сомонӣ қарз додааст

Дар соли 2025 Амонатбонк ба беш аз 60 ҳазор мизоҷ дар ҳаҷми умумии 2,5 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудааст.

Ба иттилои Алиҷон Салимзода, раиси Амонатбонк, ки 10 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ ироа гардид, қарзҳо бо пули миллӣ бо меъёри аз 10 то 24 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ бо меъёри аз 7 то 12 фоизи солона дода мешаванд. Муҳлати истифодаи қарзҳо то 5 сол муқаррар шудааст.

Ҳамчунин,  соли гузашта Амонатбонк аз ҳисоби хаттҳои қарзии Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҶС «KAZAKHEXPORT»-и Қазоқистон ва Бонки давлатии рушди Хитой ба 56 ширкати ватанӣ маҷмуан 50,5 млн доллар ва 5,8 млн юани хитоӣ қарзҳои бонкӣ пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки пешниҳоди қарзҳо асосан ба рушди соҳибкорӣ, дастгирии аҳолӣ ва қонеъ гардонидани ниёзҳои иҷтимоии мизоҷон равона гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *