Аз истироҳат то ҳодисаи нохуш дар Фахробод
Дар ноҳияи Хуросон, мавзеи Фахробод, як гурӯҳ ҷавонон дар пайи муноқиша ва занозанӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян ва ба мақомоти корҳои дохилӣ дастрас карда шуданд.
Тавре аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар доданд, 6 апрели соли ҷорӣ шаҳрвандон Суннатулло Астанақуллов -22 сола, Муҳаммад Мирзошарипов -23 сола, Шаҳбон Ашуров -29 сола, Шаҳбоз Розиқов -22 сола, Фарзона Самиева 21 сола ва Мафтуна Шоҳмадзода -18 сола бо мақсади истироҳат ба ин мавзеъ рафта, баъди истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.

Дар натиҷа миёни онҳо ва шаҳрвандони дигар муноқиша ба амал омада, кор ба занозанӣ расидааст.
Айни ҳол аз рӯи ҳодиса санҷиш идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки навори ин муноқиша чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд. Дар он як гурӯҳ ҷавонон бо ҳам муноқиша намуда, ҷавондухтареро маҷбуран ба таксӣ савор карданӣ мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ