«Моҳӣ дар шаст» – таҷассумгари арзишҳои инсонӣ ва оилавӣ
Шоми 9 апрел дар толори «Кохи Суруш» бо иштироки вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир ва кормандони дастгоҳи марказӣ филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» ба намоиш гузошта шуд.
Филми «Моҳӣ дар шаст» асари муштараки Тоҷикистон ва Эрон буда, бо коргардонии Муҳиддини Музаффар соли 2025 таҳия шудааст. Он саргузашти писарбачаи даҳсоларо бозгӯ мекунад, ки дар ҷустуҷӯи модари худ аз шимол то ҷануби кишвар сафар намуда, бо рӯйдодҳои пурмоҷаро рӯ ба рӯ мегардад.



Тамошобинон зимни намоиш аз манзараҳои зебои табиати кишвар баҳра гирифта, ҳамзамон ба ҷаҳони ботинии қаҳрамон ворид шуданд. Филм бо мазмуни амиқ ва эҳсосии худ дар қалби ҳозирин таассуроти нек гузошт.

“Пас аз анҷоми намоиш вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди синамои миллӣ ва таҳияи филмҳои тарбиявӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Зикр гардид, ки филм аҳаммияти иззату эҳтироми падару модар ва арзишҳои оилавиро ба таври муассир инъикос мекунад”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Вазорати маориф.
Дар навбати худ, коргардон Муҳиддини Музаффар изҳор дошт, ки намоиши мазкур бо ҳадафи дастгирии синамои миллӣ баргузор гардида, чунин иқдомҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ