Даргузашти журналист Латифи Ҳадязод

Журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Латифи Ҳадязод аз олам даргузашт.

Марҳум солҳои дар Радиои Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, инчунин ба ҳайси афсари тарҷумон дар Афғонистон ва корманди ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ фаъолият намудааст.

Гуфта мешавад, ки солҳои охир аз бемории сактаи мағзӣ ранҷ мебурд.

Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз, соати 13:00 дар масҷиди Сариосиё баргузор мегардад. Суроғаи хонаи марҳум барои маросими видоъ: кӯчаи Асадулло Ғуломов, 40 (рӯ ба рӯйи Бозорчаи роҳи поезд).

Мо – ҳайати эҷодии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва Pressa.tj ба наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ менамоем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *