Аз таҳти дил бихандед!
Шавҳари “меҳрубон”
Зану шавҳаре ҳамроҳ ба пойтахти Исроил – шаҳри Иерусалим мераванд. Ҳамсари мард ногаҳон дар он ҷо вафот мекунад. Коҳин ба мард мегӯяд:
– Равон кардани ҷасади ҳамсаратон ба хона 10 ҳазор доллар арзиш дорад. Агар ӯро дар ин ҷо дафн кунед, арзишаш ҳамагӣ 100 доллар хоҳад буд.
– Ҷасади ҳамсарамро ба хона мебарам,- мегӯяд мард.
Коҳин:
– Харҷи калон чӣ лозим аст?
Марди азодор:
– Охир, Исои Масеҳро дар ин ҷо дафн карданд ва ӯ баъди се рӯз дубора зинда шуд. Намехоҳам, ки бо зани ман ҳам ин ҳодиса рӯй диҳад.
Муносибат
Шаб зан аз шўй рў гардонд. Шавҳар бо ҳайронӣ гуфт:
– Ҳа, боз чӣ бало зад?
Зан хеле ҷиддӣ гуфт:
– Ба муносибати бозоргонӣ мегузарем.
Музди миёнаи меҳнат
– Агар ба ҳисоби миёна гирем, музди меҳнат дар Тоҷикистон 800 сомонӣ аст,- мегӯяд марде ба рафиқаш.
– Ин ҳисоби миёнаро чӣ гуна муайян мекунанд?,- гаранг шуда, савол медиҳад рафиқаш ба мард.
– Мушкил нест, масалан роҳбарамон гӯшт мехӯрад, ман пиёз. Яъне, мо дар якҷоягӣ манту мехӯрем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ