Сармуҳаррири нашрияи Ҳизби ҳоким раис шуд (Видео)

Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири нашрияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон “Минбари халқ” раиси Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд.

Интихоби Ҳамдамов зимни ҷаласаи ҳисоботии Шӯрои ВАО, ки имрӯз дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе бургузор шуд, сурат гирифт.

Ҷаласаи ҳисоботӣ -интихоботии Шўрои ВАО-и Тоҷикистон субҳи имрӯз ба кори худ оғоз кард ва баъд аз зуҳр раиси нави он интихоб шуд.

Дар ин ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлмони кишвар, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагии бархе сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаи ҳисоботӣ -интихоботии Шўрои ВАО-и Тоҷикистон вакилон аз 60 ташкилоти журналистӣ ва нашрияҳои кишвар иштирок доштанд, ки Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро эътироф намудаанд.

Интихоби Бахтиёр Ҳамдамов дар ҳолест, ки тайи як соли охир фаъолияти шӯроро журналистон суст арзёбӣ мекарданд. Шаҳло Акобирова акнун раиси собиқи шӯро суст шудани фаъолияти ин ниҳодро дар набудани маблағ арзёбӣ мекунад.

Ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи ноябри соли 2009 дар конфронси муассисони он таъсис дода шуда, моҳи январи соли 2010 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1254 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Раиси нахустини Шӯро Иброҳим Усмонов буд. Дар солҳои баъдӣ шӯроро Қироншоҳи Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев, Хуршеди Атовулло ва Шаҳло Акобирова роҳбарӣ карданд. Вазифаи Шӯрои ВАО танзими меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО-и кишвар мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.