Барномаи ғизои мактабӣ. Чанд хонандаи тоҷик хӯроки гарм мехӯранд?

Масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ, маблағгузории Барномаи ғизои мактабӣ ва дурнамои ҳамкориҳо зимни мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо директори минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонии (БОҶ) Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором Ҷон Айлиеф баррасӣ шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ зикр гардидааст, ки барномаи озуқавории ҷаҳонӣ тавассути Барномаи ғизои мактабӣ ба зиёда аз 430000 нафар хонандаи синфҳои ибтидоӣ (1-4) ҳамарӯза хӯроки гарм медиҳад, ки тақрибан 2000 мактабро дар саросари ҷумҳурӣ дар бар мегирад. Аз моҳи январ то моҳи июни соли 2022 тақрибан 3800 тонна орди гандуми ғанигардонидашуда ва равғани растанӣ барои бенефитсиарҳо тақсим карда шудааст. Ин дастгирӣ аз ҳисоби саҳмҳои волидону муаллимон ва ҳукуматҳои маҳаллист, ки ба таври дастаҷамъӣ дар таъмини дигар маҳсулоти хӯрокворӣ, пардохти ҳақи истифодаи нерӯи барқ, музди меҳнати ошпазҳо ва дигар хароҷоти марбут ба таъмини хӯрок дар мактаб барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ саҳми худро гузоштаанд.

— Бо қаноатмандӣ изҳор менамоем, ки БОҶ ба 630 нафар хонандаи мактабҳои ибтидоӣ ва аъзои оилаи онҳо 8600 тонна маводи озуқаворӣ кумак намудааст. Ҳамзамон, хурсандиовар он аст, ки то имрӯз 126 лоиҳаи грантии хурд аз ҷониби БОҶ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалӣ карда шудааст, ки маблағи он 616 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад,- гуфтааст муовини якуми вазири маориф ва илм.

Ҷ. Айлиеф — директори минтақавии БОҶ-и СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором зимни суҳбат зикр кардааст, ки “ду даҳсола боз мо дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ мондаем. Имрӯз хушҳол аз он ҳастем, ки дар вазорат Маркази ғизои мактабӣ ва Шӯрои байнивазоратӣ оид ба ғизои мактабӣ ташкил шудааст ва кӯшиш мекунем, ки дар амалишавии Стратегияи рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузорем”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *