Барои пешгирӣ аз сироятёбии коронавирус чораҳои зарурӣ меандешанд

11 апрели соли 2020  дар бозори “Фаровон” ва дар бозори “Ҳоҷи Шариф” – и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар якҷояги бо намояндагони Маркази ташакули тарзи њаёти солими вилоят ва Раёсати дезинфекционї – профилактики вилояти Хатлон ва бо ҷавонони гуруҳои ихтиёри (валантиёр) бо кормадони бозорҳои мазкур ва аҳоли корњои фањмондадињӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус гузаронида  шуд.

Ҳамзамон аз тарафи Раёсати дезинфекционї – профилактикии вилоят дар гирду атрофи бозор ва ба нақлиётҳои мусофиркаш бо мањлулњои хлори бе зарар карда шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар асоси ќарори раиси вилояти Хатлон №94 аз 20 марти соли 2020 “Дар бораи Ситоди вилоятї оид ба пурзўр намудани чорањои зидди эпидемикї барои пешгирии интиќол ва пайдоиши сирояти короновирус дар вилояти Хатлон” ва  наќшаи вобастакунї ва баргузории чорабинињо оид ба пешгирї ва пайдоиши ин вабои аср чорабиниҳои зиёде доир гашта истодаанд.   

Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон майор  Муйдинов М.М. (Пресцентр)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *