«Груз 200»: Чаро роҳи онро мебандем? (Видео)

«КОВИД-19» имрӯз ҳамаро ба ташвиш овардааст. Ҳатто мурдаҳоро намегузорад, ки дар манзили охирати худ ором хобанд. Аниқтараш, бо касофати ин вирус мурдаҳо берун аз хок мондаанд.

Ҳамсояи мо қабл аз эълони карантин дар Русия  барои табобат сафар карду алҳол дар он ҷо монд. Не, зиндааш не, мурдааш. Ӯ бар асари бемории қалб дар Маскав  даргузашт ва инак,  зиёда аз бист рӯз мешавад,ки мурдаи ӯро наздиконаш ба оромгоҳи авлодиаш оварда наметавонанд. Сабаб маълум: тайёраҳо дигар парвоз намекунанд ва марзҳои заминии байни кишварҳо баста шудааст.

Фарзандони марҳум намехоҳанд, ки модарашон ғарибхок шавад ва бинобар ин, ҷасади ӯро дар яке аз МОРГ-ҳои пойтахти Русия ҳамчун “груз 200”   бо маблағи калон нигоҳ дошта истодаанд, ки шояд рӯзе фаро расаду модар ва ҳамсари худро ба Ватан оварда, дар қабристони деҳаашон  гӯронанд. Аммо ин фурсат кай фаро мерасад?

Чаро Вазорати корҳои хориҷӣ, ки ваъда карда буд, ҳамаи мурдаҳои тоҷиконро бо хатсайрҳои чартерӣ ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд, хомӯш аст? Вақте ки Русия фурудгоҳҳои худро баст, намояндагони ин вазорати муътабар ваъда кард буданд, ки чун шумораи фавтидагон- шаҳрвандони кишвар ба як меъёри муайян мерасад, бо дархости онҳо рейси махсус ташкил карда мешавад ва мурдаҳо ба Ватан оварда мешаванд.

Аммо то ҳол хабаре дар мавриди овардани ҷасадҳое, ки дар ин муддат дар сардхонаҳои Русия ҷамъ шудаанд, ба назар намерасад. Ин мурдаҳои саргардон то кай дар он ҷо мемонанд, маълум нест?

Албатта, ҳар инсон фарзанд ва аҳли байти худро дорад, ки мурдаи шахси наздик барояш азиз аст ва чун нисбати ин мурда беэҳтиромӣ зоҳир шавад, қабл аз ҳама зиндаҳо ранҷ мекашанд.  

Абдумудассир АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *