Бонуи тоҷик аз Лаҳистон бо медали тилло ва Ҷоизаи Эрон баргашт (аудио)  

Мавлуда Давлатмамадова, ихтироъкор ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар форуми байналмилалии Лаҳистон соҳиби медали тилло шуд.

Форум рӯзҳои 11 ва 12-уми майи соли равон дар шаҳри Катовитсаи кишвари Лаҳистон байни 50 давлати дунё ва бо иштироки 150 нафар ихтироъкор баргузор шудааст.

“Бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор  Қобилҷон Хушвахтзода муаллима Мавлуда Давлатмамадова бо ихтироъи худ дар форуми мазкур иштирок намуд. Муаллима дар баробари медали тилло,  медали давлати Фаронса ва Ҷоизаи махсуси Ҷумҳурии исломии Эронро дар ин форум соҳиб шуд”,-иттилоъ доданд аз ДМТ ба Pressa.tj

Гуфта мешавад, ки Мавлуда Давлатмамадова номзади илмҳои техникӣ ва устоди кафедраи химияи татбиқии факултети химияи ДМТ мебошад.  

Мавлуда Давлатмамадова, бонуи ихтироъкор соли 2019 низ дар Куриёи Ҷанубӣ байни 28 давлати ҷаҳон соҳиби ду медали тилло гашта буд. Ӯ  зодаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буда,

факултаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси ассистенти кафедраи кимиё ба донишҷӯён дарс гуфта, баъдан дар ба Маркази илмӣ-тадқиқотии фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ҳамчун ходими илмӣ фаъолиятро оғоз намудааст.

Мавлуда Давлатмамадова зимни як суҳбат бо Pressa.tj гуфта буд:

«Баъди заҳмати даҳсола рисолаи илмиамро ҳимоя кардам. Ихтирои ман хокае, ки барои кӯдакон истифода мебаранд, мебошад. Вақте кори худро ба Маркази патенту иттилоот пешниҳод кардам, соҳиби патент гардидам. Ҳамаи кор мушкилӣ дорад ва бо дастгирии пайвандонам то имрӯз корҳои илимиро давом дода истодаам.  Устодоне, ки  бо онҳо корҳои илмиамро пеш мебарам,  доктори илмҳои тиб, профессор Ҷамолиддин Юсуфӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Ҷӯра Рӯзиев мебошанд».

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.