Боздиди муовини сарвазир аз муассисаҳои тандурустии водии Рашт

Дар доираи сафари гуруҳи кории Ҳукумати мамлакат ба минтақаи Рашт ҷиҳати мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон дар самти шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода аз фаъолияти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод дидан намудаанд.

Гуфта мешавад, ки зимни боздид муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода бо рафти хизматрасонии тиббии беморхонаҳои ноҳияҳои мазкур шинос шуда, инчунин бо наздикони беморон низ суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, доир ба хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *