Боздошти ҷавонон дар Хатлон бо гумони кордзанӣ ва ғорати ронандагони таксӣ
Кормандони мақомоти милитсия дар ноҳияи Кӯшониён ду нафарро бо гумони ҳамла ба ронандагони таксӣ ва ғоратгарӣ дастгир намудаанд.
РВКД дар вилояти Хатлон, аз боздоштшуда Манучеҳр Саидови 25-сола, сокини ҳамин ноҳия ва Сано Лутфуллозодаи 19-сола, сокини ноҳияи Сангвор ном бурдааст.
Гуфта мешавад, Манучеҳр Саидов қаблан бо ҷурми дуздӣ (моддаи 244) ва ғоратгарӣ (моддаи 248)-и Кодекси ҷиноятӣ суд шуда, 17 майи соли 2025 пас аз адои ҷазо ба озодӣ баромадааст.
Ин ду гумонбар дар шаҳри Бохтар тибқи маслиҳати пешакӣ амал намуда, шаби 22 декабри соли 2025 ба мошини ронандаи таксии “Чакан-такси”, Исмат Сафаров савор шуда, ба қисмати рости гарданаш як зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, аз мошин 400 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Як рӯз пас аз ин ҳодиса, шаби 23 декабр гумонбарон ба мошини ронандаи дигари ин ширкат, Самандар Қурбонов савор шуда, ба гарданаш корд гузошта, 800 сомониро аз автомобили ӯ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳоло гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд ва тафтишот ҳанӯз идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ