Боздошти сокини 21-солаи шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ
Кормандони полиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе як духтари 21-соларо бо гумони даст доштан дар ҷинояти дуздӣ боздошт кардаанд.
Ба иттилои мақомот, боздоштшуда О. Ж., сокини шаҳри Душанбе мебошад. Гуфта мешавад, ӯ рӯзи 11 январ бо истифода аз санг тирезаи паҳлуии автомашинаи тамғаи «Лексус»-ро, ки ба шаҳрванд Суҳроб Раҳимов тааллуқ дорад, шикаста, аз дохили он ду адад телефони мобилии тамғаи «Айфон»-ро рабудааст.
Тибқи маълумот, дар натиҷаи ин амал ба ҷабрдида беш аз 20 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст. Ҳамчунин, зимни чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ як адад телефони мобилии рабудашуда ҳамчун далели шайъӣ ёфта ва гирифта шудааст.
Мақомот мегӯянд, гумонбаршаванда айни ҳол дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот вобаста ба ин ҳодиса идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ