Чанде аз судяҳои вилояти Сӯғд ва Хатлон иваз шуданд
17 –уми декабар дар якқатор сохторҳои давлати тағйироти карди сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон чанде аз судяҳоро аз вазифа озод ва ба ҷояшон судяҳои нав таъин кард.

1. Ҳусейнзода Фирдавс Латифӣ аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд,
Самандари Қаландар аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон,
Давлатзода Нозим Исрам аз вазифаи судяи суди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд.
2. Шарифзода Манижа Мурод бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод карда шавад.
3. Табарзода Қамариддин Мумин аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон,
Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.
4. Шарифзода Бадриддин Нуриддин бинобар вафоташ аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ