Айнӣ

Имрӯз аз азизе суоли аҷибе шунидам: «Чаро дар замони мо нависандагоне ба мисли Айнӣ, Турсунзода, Улуғзода, Миршакар, Икромӣ намебароянд?».

Ростӣ, бори нахуст нест, ки ин савол ба миён гузошта мешавад ва гоҳе дар расонаҳои хабарии маҷозӣ низ дар гирди он баҳсҳои гарме сурат мегиранд.

Посухаш чунин аст:

Ҳукумати Шӯроӣ ба адабиёт ва адибон диққати махсус медод. Барои ба вуҷуд овардани шахсиятҳои адабӣ ва парваришу дастгирии онҳо шароити беҳтарини маънавию моддӣ ба вуҷуд меовард. Шахсиятро месохт ва осорашро тарғиб мекард. Тамоми адибони бузурги шӯравӣ, аз Максим Горкию Айнӣ сар карда, то Ҳамзатову Айтматову Шолохову Лоҳутиву Турсунзодаву Муъмин Қаноатро ҳамин фазои адабпарвар ба вуҷуд овард.

Барои он ки устод Айнӣ асар нависад, як колхози Панҷакент ба таъмини рӯзгори ӯ вобаста шуда буд. Устод ба шарофати ҳақи қалам ба дараҷае сарватманд шуд, ки дар соли 1940 аз ҳисоби он Театри опера ва балет сохтанд.

Устод Ҷалол Икромӣ дар умраш дар ҷое кор накарда буд ва танҳо аз ҳисоби ҳақи қалам зиндагии шоҳона дошт.

Устод Улуғзода дар муддати қариб даҳ соле, ки аз ҷониби ҳукумати вақт ба ҳабси хонагӣ маҳкум гардид, аз баракати ҳақи қалам зиндагии худро таъмин мекард.

Дар хусуси бо ҳақи қалами ҳангуфт соҳиби хонаву автомобилҳои шахсӣ ва бӯстонсароҳо шудани адибони он замон мисолҳои зиёде овардан метавон ва ҳатто як рисолаи илмӣ ҳам навиштан мумкин аст.

Осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳои беҳтарини мамлакат ба таври ройгон дар ихтиёрашон буданд.

Таърих нишон медиҳад, ки тамоми адибоне, ки мо бо онҳо фахр мекунем, ё сарватманди калон буданд, ё барои асарҳояшон аз шоҳону амалдорони маърифатдӯст пулҳои калон гирифта, аз андешаи нону таъмини рӯзгор абадан фориғ будаанд.

Мисоли барҷастаи он устод Рӯдакист, ки агар уштур-уштур зару зевар аз шоҳи Сомонӣ намегирифт, имрӯз мо ба номи ӯ ифтихор карда наметавонистем.

Ҳатто Фирдавсӣ барин шоҳсутуни адабиёти мо, ки худ заминдори сарватманд буд, мақсад аз навиштани «Шоҳнома»-ро чунин баён кардааст:

Ман ин номаро дастпеш оварам,

Зи дафтар ба гуфтори хеш оварам.

Ки то рӯзи пирӣ маро бар диҳад,

Бузургиву динору афсар диҳад.

Аммо аз адиби ғарибшамоил дар ду олам на Рӯдакии сонӣ месабзад, на Айнӣ…

Ато МИРХОҶА, адиб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *