Чин дар Душанбе пул ва роҳҳои дусатҳа месозад

Тоҷикистону Чин оид ба сохтмони пул аз болои дарёи Душанбе ва роҳҳои дусатҳа дар пойтахт ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилоъи манбаъ, вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо сафири нави Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн масъалаи густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи нақлиёт ва ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба бунёди роҳҳои дусатҳа дар чанд нуқтаи муҳим – буриши кӯчаҳои «Абай – А. Қаҳҳоров», «А. Ҷомӣ – А. Қаҳҳоров», «Ҷанубӣ – А. Қаҳҳоров» ва инчунин сохтмони пул аз болои дарёи Душанбе дар буриши кӯчаҳои «Ҷанубӣ – А. Қаҳҳоров» мувофиқа карданд.

Манбаъ меафзояд, ки таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии ин лоиҳаҳо анҷом ёфта, ҳоло раванди мувофиқанамоӣ бо ҷониби Чин идома дорад. Пас аз анҷоми он, ҳуҷҷатҳои озмунӣ таҳия шуда, пудратчӣ интихоб ва корҳои асосии сохтмонӣ оғоз мегарданд.

Ҳамзамон, дар мулоқот масъалаҳои пешбурди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, аз ҷумла «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо», «Чин – Тоҷикистон – Афғонистон», инчунин дастрасии Тоҷикистон ба бандарҳои «Чобаҳор»-и Эрон ва «Карочӣ»-и Покистон баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи нақлиёт бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ (имзошуда 28 августи соли 2008 дар Душанбе) сурат мегирад.

Иқдомҳои мазкур дар чорчӯби ташаббуси байналмилалии Чин — «Як камарбанд, як роҳ», ки соли 2013 аз ҷониби раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин пешниҳод шуда буд ва аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфтааст, амалӣ мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *