Далер Назаров ба синни Пайғамбарӣ расид (аудио)

Далер Назаров,  овозхонон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик имрӯз, 8 сентябр ба синни Пайғамбарӣ расид. Номбурда 8 –уми сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи филологияи руси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аст. Аммо фаъолияти омӯзгорӣ накард ва пурра ба мусиқӣ пардохт.

Аксари таронаҳои ӯ хитҳоеанд, ки то ба ҳол тозагиву ҷазабаи худро гум накардаанд ва шӯҳрати ӯро ба хориҷ аз марзҳои Тоҷикистон бурдаанд, аз қабили «Турки шерозӣ», «Эй парӣ» ва «Чак-чаки борон», ки дар солҳои 80 – уми асри гузашта офарида шудаанд.

Далер Назаров ҳудуди 10 албоми тарона омода кардааст. Таронаҳои ӯро овозхонҳои Русия, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо низ бозхонӣ кардаанд.

Ӯ барои ҳудуди 30 филм низ оҳанг навиштааст, ки маъруфтаринҳояшон “Нисо”, “Бут”, “Падари маҳтобӣ”, “Қиёми рӯз” ва ғайра мебошанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.