Дар фурудгоҳи Колтсово асали хатарноки Тоҷикистонро нобуд кардаанд

Дар фурудгоҳи Колтсово асали хатарноки Тоҷикистонро нобуд кардаанд. Маҳсулоти истеҳсоли хонагӣ, ки воридоти он манъ шудааст, аз ҷониби кормандони идораи “Росселхознадзор” дар вилояти Свердловск ва гумруки Колтсово муайян карда шудааст.

— Ҳангоми тафтиши бағоҷи мусофироне, ки аз Душанбе омаданд, 7,3 кг асали худсохт ошкор шуд. Маҳсулоте, ки таҳти назорати байторӣ қарор дорад, бидуни ҳуҷҷатҳои ҳамроҳии байторӣ, иҷозати воридот аз “Росселхознадзор”, тамғагузорӣ ва бастабандии фабрикавӣ ворид карда шудааст,- хабар медиҳад хадамоти матбуоти идораи “Росселхознадзор” дар вилояти Свердловск ба хабаргузории “Уралский меридиан”.

Маҳсулоти эҳтимолан хатарнок мусодира ва нобуд карда шудааст.

Бояд гуфт, ки қаблан низ дар фурудгоҳи Колтсово 3 кг асали худсохт нобуд карда шуда буд. Маҳсулотро кормандони идораи “Росселхознадзор” дар вилояти Свердловск ва гумруки Колтсово ҳангоми тафтиши бағоҷи мусофирони аз Тоҷикистон воридшуда ошкор кардаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.