Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон эҳтимол марзбонон дигар лозим нашаванд
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев изҳор намуд, ки дар ояндаи наздик эҳтиёҷ ба ҳузури доимии посбонон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон метавонад аз байн равад.
Ба гуфтаи ӯ, сарони ду давлат – Содир Жапаров ва Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароит талош доранд, ки сокинони ҳар ду кишвар “танҳо дар фазои дӯстӣ зиндагӣ кунанд”.
Бино ба иттилои Хадамоти сарҳадии Қирғизистон, то 25 октябри соли 2025 дар марзи байни ду кишвар корҳои муҳими сохтмонӣ ва муҳандисӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, зиёда аз 107 километр симтӯр, сутунҳои оҳанубетонӣ ва деворҳои 3D насб гардида, беш аз 143 километр роҳ сохта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ