Дар наздикии макони бостонӣ боқимондаҳои қабристон ёфт шуд

Аз чуқурие, ки дар наздикии макони бостонии Афросиёби Самарқанд кофтаанд, сафолҳои куҳна ва боқимондаҳои қабристон ёфт шудааст.

Бино ба иттилои “Овози Самарқанд”, дар Самарқанд шаҳрванд А. Павленко оид ба кофтукови назди макони бостонии Афросиёб ба портали президент муроҷиат кардааст. Вазорати фарҳанг муносибати худро изҳор дошта, маълум намудааст, ки Раёсати мероси фарҳангии вилояти Самарқанд ва Пажуҳишгоҳи бостоншиносӣ таҳқиқ кардаанд.

Тавре гуфта мешавад, барои бунёди иншооти ободонӣ дар наздикии мавзеи бостоншиносии Афросиёб, ки ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил аст, 9х9х2,5 метр (180 метри мукааб) замин кофта шудааст. Дар рафти кофтуков зарфҳои сафолии асримиёнагӣ, пораҳои хишт ва боқимондаҳои қабристон ёфт шудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.