Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 3 оиларо аз давлатҳои ҷангзада баргардониданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров давоми шаш моҳи аввали соли равон 3 оиларо аз давлатҳои ҷангзада ба Ватан баргардониданд.
Дар ин бора Акбар Юсуфӣ, муовини раиси ноҳия имрӯз, 22 июл зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Бино ба маълумоти ӯ, ин оилаҳо ҳоло зери назорати доимии мақомот қарор доранд ва барои ба зиндагии муқаррарӣ баргардониданашон тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Бояд гуфт, ки нишасти матбуотиро муовини якуми раиси ноҳия Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон доир кард.
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти 6 моҳаи ҳукумати ноҳия, иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра дар ноҳия 411 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 29 ҷиноят кам мебошад. Таъкид гардид, ки ошкори ҷиноят дар ин давра аз ҷониби мақомоти милитсияи ноҳия 83-90 фоизро ташкил додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ