Дар Шаҳринав ҷасади ноболиғи ғарқшударо баъди беш аз 20 рӯз пайдо карданд (аудио)

Кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав якҷо бо сокинони маҳаллӣ баъди беш аз 20 рӯзи ҷустуҷуҳои пайваста билохира ҷасади як кӯдаки ғарқшударо пайдо кардаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, ин ҳодиса рӯзи 27-уми августи соли равон рух дода буд. Як сокини 8-солаи шаҳри Турсунзода дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар рӯди Қаратоғ, дар қаламрави деҳаи Пуштимиёнаи ноҳияи Шаҳринав ғарқ шуда буд.

— Кормандони наҷоти шуъбаи Кумита дар ноҳия аз аввалин соатҳои рух додани ҳодиса даст ба корҳои ҷустуҷӯ зада буданд. Маҷрои тези об сабаб мешуд, ки корҳои ҷустуҷӯӣ ба кундӣ пеш раванд. Ин ҷасадро 5 километр дуртар аз маҳали ҳодиса пайдо карда, ба соҳибонаш супориданд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.