Дар Тоҷикистон дуюмин муассисаи олӣ мақоми байналмилалӣ гирифт

Имрӯз, 27 сентбяр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад.

«Бо дарназардошти шароити муҳайёгардида ва бо мақсади рушду инкишофи боз ҳам бештари фаъолияти илмиву таълимии муассиса дар самти омода намудани мутахассисони баландпояи донандаи якчанд забони хориҷӣ пешниҳод мегардад, ки номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад», — иброз доштанд Президенти мамлакат зимни суханронӣ дар донишкадаи мазкур.

Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату  идораҳо дастур дода шудааст, ки дар муддати 3 моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ин баъд аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ин дуюмин муассисаи олӣ дар Тоҷикистон аст, ки мақоми байналмилалиро гирифтааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.