Дастури вазир ба табибони Файзобод: Хизматрасониро боз ҳам хуб ба роҳ монед!

Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла рафти табобати беморон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва раиси ноҳияи Файзобод Холзода Бобишо Нарзулло аз хизматрасонии беморхонаи марказии ноҳия ва шeъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи минтақавии Мискинободи ноҳияи Файзобод боздид намуданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти табобати як қатор беморон ва хизматрасонии тиббӣ шинос шуда, барои боз ҳам хуб ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Ёдовар мешавем, ки шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи минтақавии Мискинободи ноҳияи Файзобод аз 50 кат иборат буда, 27-уми сентябри соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *