Давлат Болтаев унвони чемпиони «IBA.PRO Intercontinental»-ро соҳиб шуд

22-юми июл дар Рӯзи ҷаҳонии бокс дар Душанбе «Шоми бокс» баргузор шуд, ки дар он муштзанҳои тоҷик унвонҳои нав ба дст оварданду унвонҳои худро ҳимоя карданд.

Барандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпӣ, муштзани номвари тоҷик Давлат Болтаев (7-0) дар раунди аввал Соломон Адебайро (14-1) нокаут карда, унвони чемпиони «IBA.PRO Intercontinental»-ро соҳиб шуд.

Ҳамчунин, дар ин шом муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов (11-0) бо қарори доварон бар Кристофер Муафо (11-2) ѓолиб дониста шуд, ки бо ин ӯ унвони қаҳрамонии «IBA.PRO Intercontinental»-ро ҳимоя кард.

Акмал Убайдов (8-0) бо қарори якдилонаи доварон бар Тайфур Алийев (3-1) аз Озарбойҷон пирӯзӣ ба даст овард. Некрӯз Салимов (2-0) бо қарори якдилонаи доварон бар Абдулазиз Абдупаттаев (3-1) аз Ӯзбекистон ѓалаба кард. Дамир Муйбалихонов дар рақобати аввали касбӣ бо Гиоргӣ Капанадзе аз Гурҷистон мусовӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *