ДДЗТ бо 50 донишгоҳи хориҷӣ ҳамкорӣ дорад

Дар нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  ректори донишкада Жило Гулназарзода ва дигар масъулин доир ба бурдубохти ин муассиса дар соли 2020 ба намояндагони ВАО маълумот доданд.

Дар нишаст аз ҷониби рӯзноманигорон ва роҳбарияти донишкада масъалаҳои мубрам баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, дар мавриди хатми донишкада ва то кадом андоза ба кор таъмин шудани хатмкунандагони муассисаи олии касбӣ ректор чунин гуфт:

«Зимни ба ҷои кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон маълум гардид, ки аз 147 нафар мутахассиси ҷавон 5 нафар дар рухсатии нигоҳубини кӯдак қарор дошта, 5 нафар барои идомаи таҳсил ба зинаи магистратураи дохил гардиданд».

Боиси тазаккур аст, ки дар нишасти мазкур масъалаи омӯзгорони хориҷӣ низ баррасӣ шуд:

«Дар давоми соли 2020 дар донишкада 13 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият намуданд, вале  бинобар сабаби ба анҷом расидани муҳлати қарордодҳои дуҷониба ва авҷи бемории коронавирус 10 нафар омӯзгорони соҳибзабон ба ватани худ баргашта, айни ҳол 3 нафари онҳо дар донишкада фаъолият доранд», — гуфт ректори донишкада.

Зикр гардид, ки Донишкадаи забонҳо ҳоло бо зиёда аз 50 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад ва сафарбар намудани донишҷӯёнро ба хориҷи кишвар яке аз самтҳои фаъолияти худ медонад. Гуфта мешавад, ки айни замон 7 нафар, аз ҷумла, 2 нафар дар Донишгоҳи забонҳои Токиои Ҷопон ва 5 нафар дар Донишгоҳи Кемёги Куриёи Ҷанубӣ таҳсил намуда истодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *