“Умед”-и арабҳо то ба Миррих расид

Киштии кайҳонии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи сешанбеи 9-уми феврал пас аз ҳафт моҳ тай кардани ҳудуди 494 миллион километр, вориди фазои Миррих шуд, то ҷамъоварӣ ва фиристодани маълумот дар мавриди иқлими ин сайёраро оғоз кунад.
ИМА ҳафтумин кишваре аст, ки киштии кайҳонии он ба Миррих мерасад.
Шайх Муҳаммад бин Рошид Оли Мақтум, ҳокими Дубай ва муовини раиси Имороти Муттаҳидаи Араб дирӯз пеш аз ворид шудани ин фазопаймо ба Миррих имкони муваффақ шудани онро 50 дарсад гуфт.
Ӯ гуфта буд, «вале ҳатто агар мо натавонем вориди фазои Миррих шавем, ба як муваффақияти таърихӣ даст ёфтаем. Ин дуртарин нуқтае аст, ки арабҳо дар тӯли таърих ба он расидаанд. Ҳадафи мо ин аст, ки ба ҳама арабҳо ин умедвориро бидиҳем, ки метавонем бо бақияи ҷаҳон рақобат кунем».
Фазопаймои «Умед» бо суръати беш аз 120,000 километр дар соат ба Миррих наздик шуда буд. Ин киштии кайҳонӣ барои ворид шудани ба фазои Миррих бояд бо сӯзонидани ҳудуди 800 килограм аз сӯхти худ суръаташро кам мекард ва дар мадори Миррих қарор мегирифт.
Имсол Имороти Муттаҳидаи Араб панҷоҳумин солгарди истиқлоли худ аз Бритониёро таҷлил мекунад. Фазопаймои ин кишвар дар моҳи июн ба фазо партоб шуд. Пас аз он ду фазопаймои амрикоӣ ва чинӣ низ сафари худро ба сӯи Миррих оғоз карда ва қарор аст дар моҳи феврал ба ин сайёра бирасанд.
Фазопаймои Иморот бо номи «Умед» аз як маркази фазоӣ дар Ҷопон ба фазо партоб шуд ва харҷи он ҳудуди 200 миллион доллар аст. Ин фазопаймо қарор аст барои аввалин бор тасвири комил аз фазои Миррих таҳия ва тағйироти рӯзона ва мавсимии онро баррасӣ кунад.
“озодӣ”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *