Раҳим Саидзода

Дипломи “Вазири сол” ба Раҳим Саидзода тақдим гардид

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар “Рейтинг-2022”-и ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj дар номинатсияи «Вазири сол» пешсаф шуд.

Дипломро дар як ҷаласаи махсус сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур ба вазири маориф ва илми Тоҷикистон тақдим намуд.

Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба ҳамаи онҳое, ки ба ҷонибдориаш дар “Рейтинг-2022” овоз доданд, изҳори сипос намуд. Ӯ гуфт, “ин эътимоди мардум нисбат ба соҳаи маориф аст, ки раъйи худро доданд”.

Дар идома мавсуф изҳор дошт, ки дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст ва бояд мартабаи омӯзгор дар ҳама сатҳ боло бошад: “Моро дар оила ба иззату эҳтиром нисбат ба омӯзгор талқин мекарданд. Зеро омӯзгор бояд азизи дили мардум бошад. Маҳз заҳмату талошҳои омӯзгор аст, ки инсон соҳиби донишу маърифат мегардад”.

Ёдовар мешавем, ки рейтинги ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj охири соли 2022 ҷамъбаст ва чеҳраҳои сол муайян гардиданд. Зимнан, ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj ҳамасола барои дарёфти чеҳраҳои сол аз рӯи 10 номинатсия пурсиш мегузаронанд. Ҳадаф аз он муайян кардани раисон, вазирон, соҳибкорон, бонкирҳо, сарояндагон, блогерҳо, адибон, ректорҳо, ҳунармандон мебошад, ки дар тӯли сол соҳиби дастовардҳо шудаанд. Аз як IP ҳуқуқи дар ҳар номинатсия ба тарафдории як нафар овоз додан буд. Ғолиб ҳамоне дониста шуд, ки дар номинатсияи худаш аз ҳама бештар овоз гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *