Доналд Трамп: Бовар макун ба дӯстат…
(Суҳбати солинавӣ бо президенти Амрико)
… Вақте ки маро бо даъвати сафорати Амрико ба пойгоҳи амрикоӣ дар яке аз кишварҳои Шарқи Наздик бурданд (бо дархости ҷониби Амрико номи он кишвар оварда намешавад), он ҷо маро чун нафаре, ки ба кайҳон парвоз мекунад, аз ташхиси тиббӣ гузарониданд. Ҳайрон шудам, ки чаро чунин аст, аммо ба ман танҳо гуфтанд, ки чун ба интервю бо даъвати президент розӣ шудам, акнун бояд ба ҳамааш тоқат кунам. Баъдтар маълум шуд, ки бандаро бо тезпарвозтарин тайёраи навбаромади амрикоӣ ба Лос Анҷелес бурданианд ва барои ин саломатии хеле хуб лозим будааст.
Инак, ман дар кабинаи тайёраи F-35 (модификатсияи охирин), дар даҳон ҳавокаш ва дар сар кулоҳи лётчикӣ аз болои уқёнуси Ором, ба самти Амрико парвоз дорем. Суръати тайёра чунон тез, ки аз баландии 15 ҳазор метр ба назарам ҷазираҳои сари роҳ мисли тӯби футбол парида мегузаштанд ва мо пас аз 4 соату 12 дақиқа дар майдони ҳарбии ҳавоии Лос Анҷелес нишастем. Хулоса, ман бо сари вазнину мисли шахси контузия гирифта, калавида, ба утоқи пешвозгирии меҳмонони махсус (спецгости) ворид шудам ва он ҷо бо як “Кока-кола”-и ҳақиқӣ ташнагӣ шикастаму ба мусоҳиба омодагӣ гирифтам. Аммо хабар доданд, ки президенти Амрико узр пеш овардааст, ки имрӯз намояндаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”-ро қабул карда наметавонад, Трамп бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо ПрезидентиТоҷикистон вохӯрӣ доштааст. Имрӯз ман бояд меҳмони хонадони шахсии худи Трамп, дар виллаи шахсиаш бошам ва суҳбатамонро субҳи барвақт дар он ҷо мегузаронидаем…
Чун вақти мо камтар асту Соли нав наздик аст, дар бораи чӣ тавр меҳмони Трамп ва хонаводаи ӯ шуданам дар фурсати дигар нақл мекунам, ҳоло бошад, матни суҳбати анъанавии худро дар арафи Соли нави мелодӣ бо президенти Амрико Доналд Трамп манзури шумо мегардонам:
– Ҷаноби президент, шумо вақте ки дуюмбора ба ин курсӣ нишастед, дар суҳбат бо банда гуфта будед, ки ин бор дигар ягон ваъдаи беасос намедиҳам. Аммо боз ҳамон қилиқатонро такрор кардед…
– Кадом қилиқамро?
– Гуфтед, ки дар давоми панҷ рӯз ҷанги байни Украина ва Русияро бас мекунонам. Ҳоло аз президентиатон як сол гузашту…
– Охир, Путин ҳам гуфта буд, ки ман дар панҷ рӯз даб-далаи Украинаро мебарорам. Нашуд ку… Мо, президентҳо на ҳамеша он чизеро мегӯем, ки шуданашон имкон дорад…
– Бисёриҳо шуморо бо он гунаҳгор мекунанд, ки чун миллиардер ҳастед, ин ҷанг танҳо ба фоидаи шумо ва дигар сармоядорон аст, аз ин рӯ намеоҳед он хотима ёбад…
– Кӣ гуфт? Исбот кунед…
– Инро ман не, дигар сиёсатшиносон гуфтаанд. Онҳо мегӯянд, ки агар ҷанг бас шавад, таҳримҳо алайҳи нафту гази Русия барҳам мехӯранд ва он гоҳ нафту гази Амрико ба фурӯш намеравад…
– Дарро задам девор кафид, баръакс. Ин ҷо гунаҳгори асосӣ Чин ва Ҳиндустон ҳастанд, ки баъд аз таҳримҳо нафту гази арзоншудаи Русияро мехаранд ва гуноҳро ба сари мо бор мекунанд… Худи кишварҳои аврупоӣ, ки ҳоло зидди Русия амал мекунанд, то ҳол аз ин неъмати худододи Русия истифода мебаранд. Барои ҳамин, ман ин ҷангро дар панҷ рӯз он тараф истад, дар панҷ сол ҳам бас кунонида наметавонам…
– Ҳақи гапро гуфтед. Яъне мардуми одӣ ва сарбозу генералҳо ҳама имрӯз побанди чанд миллионеру миллиардер шудаанду ба хотири манфиатҳои онҳо қурбон мешаванд…
– Бале, кам-кам сиёсати ҷаҳониро дарк карда истодаӣ.
– Аммо боз шуморо президенти Венесуэла ҷаноби Мадуро пират (роҳзани баҳрӣ) мегӯяд. Магар чунин унвон ба Дона-ако (шуморо баъзе тоҷикон чунин ном мебаранд) мезебад?
– Не, албатта. Аммо агар он Мадуро бозори Амрикоро бо кокаин (як навъ мухаддирот, ба мисли нашъа) пур намекард, ман ба ӯ кор надоштам…
– Пас, чаро киштиҳои нафткашии ӯро ҳам мезанед? Магар нафт ҳам кокаин аст?
– Эй, гӯш кун, ба гуфти раҳматии Аловудин Абдуллоев, ту ҷӯраи манӣ ё ҷӯраи хирс?
– Тоҷикон мегӯянд, “дӯст гӯяд табарвор…”. Ана боз як саволе, ки рӯ ба рӯ аз шумо пурсиданиам. Чаро ҳоло бозии “Грин корт”-ро манъ кардед ва умуман шумо нисбати муҳоҷирон, мулоим карда гӯем, хушбин нестед? Тавре дар мусоҳибаҳои гузашта гуфта будем ва худатон низ эътироф карда будед, магар гузаштагони худатон аз мӯйзардҳои суғдӣ набуданд?
– Бале, аммо ҳоло Амрико аз тамоми намуди пӯсту рангу чашму…, хулоса аз ҳамаи ирқу нажод дорад ва дигар ин дег намебарад… мисли деги палови тоҷикӣ пур шудааст.
– Чин якуним миллиардро мехӯронаду мепӯшонад ку…
– Аммо нисфаш боз дар Амрико. Бовар кун ҷӯра, масалан дар Чайна Тауни Ню Йорк нафароне ҳастанд, ки таваллуд мешаванду пир мегарданд, вале забони англисиро наомӯхта, то охири умр зиндагӣ мекунанд… Ман намехоҳам, ки Амрико чинӣ ё мексикоӣ шавад. Тоҷикӣ шавад, майлаш…
– Кашиши хун дия… Аммо боз як саволи дигаре дорам, ки шояд шуморо нороҳат кунад. Саволам вобаста ба занҳост…
– Ман онҳоро мисли дигар мардҳо хеле дӯст медорам. Хуш, ман интизори савол…
– Чаро аз парванда ва ё тавре дар шумо мегӯянд, аз навиштаҳо дар бораи Эпштейн (миллионере, ки шахсони баландпояро, ки бо духтарони ноболиғ якҷо мекард ва баъдан худро дар маҳбас овехта буд) дар Вазорати адлия аксҳои якҷояи шумо бо занон ғайб задааст?
– Ту аз ҳамин хабарнигорони амрикоӣ ҳам гузарондӣ… Ман президентам, на архивбон. Инро аз худашон пурс…
– Ана, нагуфтам, ки савол вазнин аст… Агар ман онро намедодам, дӯстатон – бойтарин одами сайёра – Илон Маск хафа мешуд, ки аввалин шуда, дар ин бора пас аз ронда шуданаш аз Кохи Сафед гуфта буд.
– Ман барои он тоҷиконро дӯст медорам, ки зарбулмасалу мақолҳои нишонрас доранд. Ана дар бораи ана ҳамин Маск гуфтаанд, ки “Бовар макун ба дӯстат, коҳ ҷой кунад ба пӯстат…”. Ман ба гуфти онҳо надаромада, масхара шудам…
– Чун Соли нав дар пеш аст, дигар аз додани чунин саволҳои лағжонак худдорӣ мекунам ва танҳо аз масъалаҳои марбут ба сиёсат савол хоҳам дод. Баргардем ба Украина…
– Не намеравем, он ҷо ҷанг аст…
– Ман рафтани маҷозиро гуфтам. Аммо агар бе ҳазл гӯем, оё шумо метавонед дар рӯзҳои барои мардум хуш, яъне ҷашнӣ, ақаллан чанд рӯз оташбасро бо ҳарду ҷониб маслиҳат кунед ва дар ин рӯзҳо одамон қурбон нашаванд?
– Мебинем, ин пешниҳоди туро ҳатман ба ҷонибҳои даргир мерасонам.
– Ин пешниҳод танҳо аз ман нест, балки аз ҳамаи инсонҳост. Зеро мо ба шумо умед доштем, ки ҷангҳоро хотима мебахшед.
– Ман қариб 10 ҷангро хотима додам. Ҷанги Эрону Исроилро тамом кардам. Ҷанги…
– Ҷанги Русияву Украина…
– Э чаро ин қадар ба ҷанги Украина часпидӣ? Аслан ин ҷанг ба шумо тоҷикҳо чӣ дахл дорад?
– Чаро дахл надоштааст. Якум “Банӣ одам аъзои якдигаранд…”, дуюм, як тарафи ҷанг шарики стратегии мост ва муҳоҷирони мо дар он кишвар ҳастанд…
– … ва сабаби дигар, тоҷикони зиёде дар Украина дар майдони ҷанг қарор доранд. Даҳҳо ҷавони тоҷик фавтиданду ба хок рафтанд… Гап зан журналист, чизеро аз ман пинҳон накун. Ҳама маълумот дар ман ҳаст.
– Рост, вале мо омори дақиқ надорем…
– Ман чунин оморро дорам. Ном ба ном. Ҳозир… Э биё, дар арафаи Соли нав табъи мардумро хира накунем…
– Бошад.
Ёвари Трамп ишора кард, ки вақти барои суҳбат ҷудошуда ба анҷом расид. Трамп аз ҷой нимхез шуд, ки пурсидам:
– Рафиқ Трамп, суоли охирон.
– Ман барои сулҳи Русия ва Украина талошамро давом хоҳам дод…
– Не, суоли ман дар бораи тоҷикон аст. Грин-кортро бастед, онҳо чӣ тавр ба Амрико меоянд?
– Грин-корт тасмими муваққатист. Худо хоҳад, байни Амрико ва Тоҷикистон визаро барҳам медиҳам. Тоҷикон кай вақте хоҳанд, бо тайёраи F-35 дар 4 соат ба Амрико меоянд…
– Кай?
– Дунё ба умед. Умедвор шав, Ҳоҷӣ…
– Дар бораи ҳаҷ рафтани ман ҳам маълумот доред?
– Не, фақат медонам, ки дар хиёбонҳои Душанбе одами аз 50-сола болоро Ҳоҷӣ мегӯянд…
– Шумо инро аз куҷо медонед?
– Маро дар Душанбеву Варзоб фақат Ҳоҷӣ мегӯянд…
– Ҷаноби Трамп…
– Дар ин хусус баъдан суҳбат мекунем… Ҳозир хайр, Ҳоҷӣ.
Ҳоҷӣ Абдумудассир АҲМАДЗОДА
Душанбе – Лос Анҷелес – Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ