Донишгоҳи давлатии Бохтар соҳиби хобгоҳ мешавад
Барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав хобгоҳи нав сохта мешавад. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд.
Бино ба маълумоти додашуда, рӯзи 23-юми июн роҳбарияти вилоят дар вазъияти тантанавӣ ба бунёди иншоот санги асос гузоштаанд. Хобгоҳи нави сохташаванда аз 7 ошёна иборат буда, барои 460 нафар пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари иншоот Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва пудратчии он ҶДММ «Шайхҳусейн» мебошад.
Барои шароити мусоиди зист барои донишҷӯён ду лифти замонавӣ пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ