Ду шикасти ҷавонони тоҷик дар бозии дўстона бо арабҳо

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар шаҳри Абҳаи Арабистони Саудӣ бо дастаи ҷавонони ин кишвар ду бозии дўстона анҷом дод ва дар ҳарду бозӣ ба шикаст мувоҷеҳ шуд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии якуми дўстона бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бо натиҷаи 0:1 мағлуб шуд. Бозии дуюм низ бо бартарии арабҳо ба охир расид ва онҳо бо ҳисоби 0:3 пирўз шуданд.

Бозиҳои дўстона бо Арабистони Саудӣ барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз марҳилаҳои омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад. Дар даври интихобӣ, ки аз 14 то 18-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар гуруҳи “I” бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур бозӣ мекунанд.

Ғолибони даҳ гуруҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон, ки аз 1 то 18-уми марти соли оянда дар Ўзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.