Ду тоҷики муқими Русия бо ордени “Дӯстӣ” қадрдонӣ шуданд (аудио)

Ду тоҷики муқими Русия ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо орденҳои “Дӯстӣ” қадрдонӣ шуданд. Эътои мукофот дар ҷаласаи  Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Москва сурат гирифт.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Русия, бо фармони Президенти Тоҷикистон Бобоҷон Шарифов, намояндаи Палатаи савдову саноати Русия дар Тоҷикистон ва Ахмедов Баҳром, табиби тоҷики муқими Русия бо ордени “Дӯстӣ” сарфароз гардонида шуданд.  

Возможно, это изображение 5 человек, люди стоят и в помещении

Ордени Дӯстӣ — ордени давлатии Тоҷикистон, ки бо он арбоби давлатию ҷамъиятӣ, ходими илму фарҳанг, адабиёту санъат ва дигар шахсон барои фаъолияти содиқона ва пурмаҳсул ҷиҳати таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои иҷтимоии он, барои саҳми арзандаи шахсӣ дар рушд ва афзунгардонии иқтидори маънавӣ ва зеҳнии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.